ҶАЛАСАИ ШӮРОИ РОҲБАРОНИ ҲУКУМАТҲОИ СҲШ ОҒОЗ ЁФТ

Ноябрь 25, 2010 10:55

Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар «Кохи Сомон»-и пойтахт ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои   кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар кори он сарвазирони Ҷумҳурии Қазоқистон Карим   Масимов, Раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии мардумии Чин Вэн Тсзябао, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Роза Отунбоева, Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Владимир Владимирович Путин, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ва муовини сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон   Ботур Хоҷаев иштирок менамоянд, оғоз ёфт. Пеш аз оғози ҷаласса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳоро ба ҳузур пазируфт.  Сипас, маросими аксбардории сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай  баргузор гашт. Чан лаҳза баъд ҷаласаи сарони ҳукуматҳо дар ҳайати маҳдуд баргузор мегардад. Ҳайати давлатҳои аъзо дар рафти ҷаласа оид ба вазъи кунунии сиёсӣ ва иқтисодӣ, ҳамчунин, оид ба масоили таъмини сулҳу оромӣ ва амният дар минтақаҳои давлатҳои аъзои СҲШ мубодилаи афкор намуда, вазъи дурнамои рушди тиҷоратию иқтисодӣ ва ҳамкориҳои башардӯстона дар чаҳорчӯби Созмонро баррасӣ менамоянд.              Аз рафти ҷаласа мо дар гузоришҳои минбаъда хабар медиҳем.

Ноябрь 25, 2010 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад