ДАЪВАТИ ИҶЛОСИЯИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ
Душанбе, 29 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-16 декабри соли 2010 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм баргузор мегардад. Дар ин хусус Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба тасвиб расонд. Аз палатаи болоии парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар иҷлосия Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он», «Дар бораи тибби оилавӣ» ва дигар санадҳои ҳуқуқии фарогири вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар баррасӣ мегарданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






