МУЛОҚОТИ Э.РАҲМОН БО СИМОН ФРАЙЗЕР
Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Симон Фрайзерро ба ҳузур пазируфт. “Мо Британияи Кабирро яке аз шарикони муҳими худ дар Аврупо мешуморем ва ҳавасмандем, ки муносибатҳои мо бемайлон рушду густариш ёфта, соҳаҳои гуногунро фаро бигиранд”- изҳор дошт дар оғози сўҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз барпо шудани заминаи хуби қарордодӣ – ҳуқуқии ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва чанде аз кишварҳои аврупоӣ қаноатмандӣ зоҳир намуда, изҳори боварӣ кард, ки чунин ҳамкории наздик бо Британияи Кабир низ ба роҳ монда мешавад. Дар робита ба вазъи Афғонистон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз иқдомоти сулҳҷуёнаи ҳукумати ин кишвари азияткашида, аз ҷумла таъсиси Шўрои сулҳ пуштибонӣ намуда, ҳамзамон изҳор дошт, ки “давлатҳо ва созмонҳои мададрасони Афғонистон дар бозсозии иқтисодиёту иҷтимоиёти он бояд аз имконоти иқтисодию зербиноӣ ва нерўи башарии кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон васеъ истифода баранд ва мо барои ин ҳамаҷониба омодаем”. Симон Фрайзер дар робита ба ин мавзўъ изҳор намуд: — “Британияи Кабир нақши Тоҷикистонро дар бозсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоиштаи мардуми Афғонистон баланд арзёбӣ намуда, омода аст, ки ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи худро бо он густариш диҳад, аз ҷумла дар соҳаи иқтисод ва савдо ва татбиқи лоиҳаҳои зербиноӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика ва ҳамлу нақл”. У ҳамчунин изҳор дошт, ки “Британияи Кабир ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар соҳаи гидроэнергетика афзалияти бештар хоҳад дод”. Барои ба сатҳи матлуб баровардани муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Британия Кабир ба роҳ мондани муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳу зинаҳои гуногун, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, мубодилаи афкор дар масъалаҳои мубрами дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ, таъсиси заминаи ҳу?у?ии ҳамкорӣ дар арсаҳои мухталиф, бахусус иқтисод ва савдо аз вазифаҳои аввалиндараҷа номида шуд. Гуфтугўйи судманд ҳамчунин атрофи авзои кунунии Афғонистон ва роҳҳои бартарафсозии мушкилоти сунъӣ дар роҳи рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»






