ҚАБУЛИ ҚАРОР ҶИҲАТИ БАРРАСИИ ОММАВИИ ЛОИҲАИ ҚОНУН
Душанбе, 20 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Баррасии оммавии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» имрӯзҳо дар маркази таваҷҷӯҳи қишрҳои гуногуни ҷомеаи кишвар қарор дорад. Вобаста ба ин масъала Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи сеюми худ қарореро «Дар бораи вазифаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баррасии оммавии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул намуд. Раиси палатаи болоии парлумони мамлакат Маҳмадсаид Убайдуллоев дар иҷлосия таваҷҷӯҳи аъзои Маҷлиси миллӣ ва кормандони дастгоҳи онро ба вусъат бахшидани фаъолият дар иҷрои вазифаҳои таъинотиву хизматӣ нигаронида, дастур дод ки дар муҳокимаи оммавии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» фаъолона иштирок намоянд. Ҳамзамон, ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотиро оид ба зарурат ва моҳияти қонунҳои дар иҷлосияи сеюм қабулгардида, тавассути вохӯрию мулоқот дар маҳалҳо ва васоити ахбори омма ба роҳ монанд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






