ҲАЙАТИ ПАРЛУМОНИИ ТОҶИКИСТОН АЗ БАЛӢ БОЗДИД МЕНАМОЯД
Душанбе, 9 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров 13 декабри соли 2010 ба Ҷумҳурии Индонезия меравад.Сафари расмии Шукурҷон Зуҳуров ба Индонезия бо даъвати Раиси парлумони ин кишвар сурат мегирад. Муҳаммадато Султонов котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар ҷараёни сафар Шукурҷон Зуҳуров дар Ҷакарта бо вазири корҳои хориҷии Индонезия, раиси палатаи намояндагони ин кишвар, бо раиси Конгресси Индонезия, раиси Шӯрои минтақавии намояндагон, вазири маорифи миллӣ ва дигар роҳбарону намояндагони баландпояи Индонезия вохӯрию мулоқот менамояд. Дар назар аст, ки дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Индонезия, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, кишоварзӣ ва туризму маорифро баррасӣ намоянд. Интизор меравад, ки ҳайати парлумонии Тоҷикистон аз шаҳри Балӣ боздид намуда, бо ҳокими ин шаҳр мулоқот хоҳанд кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






