ҲАМАРӮЗА БЕШ АЗ 8 МЛН. КВТ/СОАТ НЕРӮИ БАРҚ

Декабрь 23, 2010 09:45

   Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар»Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сармуҳандиси шабакаҳои барқи шаҳрӣ ( горэлектросет) Абдулваҳоб Ғиёсов, ҳамарӯза ба шаҳри Душанбе беш аз 8 млн. кВт/соат нерӯи барқ ворид мегардад, ки ин нисбат ба давраи тобистон 2,5 маротиба зиёд аст. Талаботи аҳолӣ  ба нерӯи барқ дар фасли зимистон   ду баробар афзоиш меёбад ва аз меъёр зиёд истифода намудани нерӯи барқ боиси аз кор баромадани даҳҳо трансформаторҳо     гардида,  сабаби сар задани  арзу шикояти сокинони шаҳр дар бораи қатъ шудани барқ ба манзилҳои истиқоматӣ мегардад.    Айни замон дар шаҳри Душанбе беш аз 1100 нуқтаҳои трансформаторӣ (зеристгоҳҳои барқӣ) вуҷуд дорад, ки 10 фоизи он таъмири ҷориро мехоҳад. Рӯзҳои наздик таъмири бонавбати онҳо     амалӣ мегардад ва набудани барқ дар манзили   шаҳрвандон маънои аз рӯи  лимит додани барқро надорад.    Бо вуҷуди он ки аксари сокинони пойтахт пардохти нерӯи барқро сари вақт ва мунтазам ба ҷо меоранд, вале қарзи дебитории онҳо чун пештара 7 млн. 200 ҳазор сомонӣ боқӣ мондааст,- мегӯяд А. Ғиёсов.

Декабрь 23, 2010 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад