АФЗОИШИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӣ
Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар доираи татбиқи Барномаҳои соҳаи саноат соли 2010 дар вилояти Суғд 17 корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуда, дар маҷмӯъ 2620 ҷойҳои нави корӣ ташкил гардид. Ин ба зиёдшавии ҳаҷми маҳсулоти соҳа, ғанӣ гардонидани даромадҳои буҷет ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мусоидат намуд. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба мо иттилоъ доданд, саноатчиёни вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро бо нархҳои муқоисавӣ ба 1 млрд. 490 млн. 794 ҳазору 992 сомонӣ расониданд, ки суръати афзоиш 124,7 фоизи сатҳи ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил намуд. Ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят вусъати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатиро таъмин намуданд. Боиси зикр аст, ки соли ҷорӣ ду корхонаи истеҳсоли лампаҳои каммасраф — ҶСШК «Чароғ»-и шаҳри Исфара ва коргоҳи «Сомон» дар шаҳри Чкалов ба фаъолият оғоз намуда, ба маблағи 508,7 ҳазор сомонӣ ё ки ба миқдори 85 ҳазору 334 дона лампаҳои каммасраф истеҳсол намуданд ва 120 нафар ба ҷойҳои кории доимӣ таъмин гаштанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






