БАҚАЙДГИРИИ АЪЗОИ ПАЛАТАИ БОЛОИИ ПАРЛУМОН

Декабрь 9, 2010 15:20

          Душанбе, 9 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати чорум 16 декабри соли 2010 соати 9:00  дар толори маҷлисгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ баргузор мегардад.       Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз палатаи болоии парлумони мамлакат иттилоъ доданд.      Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  рӯзҳои 14 ва 15 декабри соли 2010  аз соати 8 то 17 дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ошёнаи дуюм, утоқи №231 ба қайд гирифта мешаванд, телефонҳои тамос: 10-42, 22-24, 221-81-28.     Бояд зикр кард, ки дар иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллӣ  қонунҳою санадҳои  ҳуқуқии вобаста ба масъалаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул шудаанд,  баррасӣ ва ҷонибдорӣ мегарданд.

Декабрь 9, 2010 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад