ЭМОМАЛӢ РАҲМОН А.ЛУКАШЕНКОРО ТАБРИК НАМУД
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар). – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли равон бо Александр Лукашенко телефонӣ сӯҳбат карда, ӯро ба муносибати бори дигар ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Белорусия интихоб шуданаш самимона табрик намуд. «Ғалабаи комили Шумо дар интихобот аз дастгирии сиёсате шаҳодат медиҳад, ки таҳти роҳбарии Шумо барои шукуфоӣ ва ободии Белорусияи бо мо дӯст ва зиндагии шоистаи халқи мамлакататон равона карда шудааст», — гуфт сардори давлати Тоҷикистон. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон қаблан ба ин муносибат ба унвони Александр Лукашенко барқияи шодбош фиристода буд. Дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Дар Тоҷикистон Шуморо ҳамчун ҷонибдори қотеи рушди ҳамаҷониба ва муттасили шарокату ҳамкории мамлакатҳоямон мешиносанд, ки муносибатҳои таърихии дӯстона доранд. Боварии комил дорам, ки ҳамкории серсоҳа ва доманадори Тоҷикистону Белорусия ҷавобгӯӣ манфиатҳои куллии халқҳои мамлакатҳоямон буда, дар оянда соҳаҳои навро фаро гирифта, боз ҳам бештар вусъат пайдо мекунанд. Ин ҷониб тайёрам, ки барои ин ҳамроҳи Шумо тамоми тадбирҳои заруриро андешида ва амалӣ созам. Ба Шумо, Александр Григоревичи мӯҳтарам, саломатии комил, хушбахтӣ ва дар фаъолияти минбаъдаатон комёбиҳои нав орзу менамоям».








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






