КОРТҲОИ РОЙГОНИ «АМОНАТБОНК» БА 16 ҲАЗОР НАФАҚАГИРОНИ КӯЛОБ

Декабрь 23, 2010 09:12

Душанбе, 23 декабр .(АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Тавассути сомона ва эфири радиои «Озодӣ» гузориши Мӯъмин Аҳмадӣ бо номи «Эътирози нафақахӯрон дар Кӯлоб» интишор ва пахш гардид, ки дар он оид ба таҷаммӯи эътирозии нафақагирон дар назди бинои Амонатбонк ҷиҳати таъхири пардохти нафақа дар шаҳри Кӯлоб сухан меравад. Муаллиф ба ҷамъомади эътирозии нафақагирон ишора намуда, аз забони якчанд ашхоси нафақагир ва маълумоти шахси номуаяни масъули Фонди нафақа (шояд манзури муаллиф Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи ичтимоии аҳолии ҶТ бошад) таъхири пардохти нафақаро ба дӯши масъулини филиали №57-и Амонатбонк дар шаҳри Кӯлоб мегузорад. Ҳамчунин дар маводи мазкур ишора ба он мешавад, ки баъзе аз нафақагирон нафақаи худро тайи се-чор моҳ нагирифтаанд. Масъалаи мазкурро ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти БДА «Амонатбонк» чунин шарҳ доданд, нафақагирон дар назди бинои филиали №57-и Амонатбонк дар шаҳри Кӯлоб  на бо мақсади эътироз, балки барои гирифтани нафақаҳои худ дар назди муассисаи бонк ҷамъ омада, теъдоди  на сад нафар, балки  зиёда аз чил нафарро ташкил медод. Ҳол он ки теъдоди умумии нафақахӯрони шаҳри Кулоб, ки ба онҳо муассисаҳои Амонатбонк хизмат мерасонад, зиёда аз 16 ҳазорро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти Идораи нафақаи Дастгоҳи марказии Амонатбонк воридшавии маблағҳои нафақа ба филиали номбурда аз ҷониби Агентӣ барои пардохти нафақаи моҳи ноябр, ҷамъ як миллиону 809 ҳазору 391 сомонӣ дар моҳи декабр ва 352 ҳазору 13 сомонӣ дар моҳи ноябр, ки ҳаҷми пурраи талаботи моҳонаро ташкил медиҳад, ворид гардидааст. Ҳамзамон, аз ҷониби кормандони филиали номбурда маблағҳои мазкур вобаста ба воридоти онҳо дастраси нафақагирон гардиданд. Дар ду рӯзи охир ҳаҷми нисбатан калони маблағҳои нафақа аз ҷониби Агентӣ ба муассиса ворид гаштааст, ки сабаби таҷаммӯи зиёди нафақагирон дар ҳудуди муассисаи мазкур мебошад. Ҳамчунин, мувофиқи баёноти нафақагирон Раҷаб Давлатов, Чона Шонкиев, Саъдулло Давлатов, Карим Мирзоев, Манзура Маниёзова онҳо танҳо нафақаи моҳи ноябрии худро то имрӯз нагирифта буданд ва имрӯз нафақаашон пурра пардохта шуд. Нафақаи Хуросон Назарова бошад бо сабаби сари вақт пешниҳод нашудани маълумотномаҳо ба Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Кӯлоб, аз ҷониби мақомоти мазкур таъин нагардидааст. Раёсат ва тамоми кормандони муассисаҳои Амонатбонк баҳри дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасони дар самти пардохти нафақаи аҳоли заҳмату кӯшишҳои зиёдро ба харҷ медиҳанд. Ба хусус дар соли ҷорӣ дар як идда манотиқи кишвар баҳри шаффофият ва беҳтар гардонидани хизматрасонии мазкур, гузариш ба шакли наву муосири пардохти нафақа тавассути кортҳои бонкӣ амалӣ мешавад. Аз ҷумла, шаҳри Кӯлоб яке аз аввалин минтақаҳои пилотӣ ба шумор рафта, ҳамаи зиёда аз 16 ҳазор нафар нафақагирон аз ҷониби бонк ба таври ройгон бо кортҳои бонкӣ таъмин мешаванд.

Декабрь 23, 2010 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд