МАҲФИЛИ ЗИДДИКОРРУПСИОНӢ ДАР «ОРИЁНО»

Декабрь 9, 2010 15:04

Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии   шаҳрвандон, махсусан наврасону ҷавонон аз омилҳои асосии пешгирикунандаи зуҳуроти коррупсионӣ дар шароити имрӯза ба ҳисоб меравад. Бо назардошти ин нукта ва бо мақсади  густариши ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди коррупсия санаи 9 декабри соли равон  дар маркази фарҳангии ҷавонон «Ориёно» чорабинии тарғиботиву иттилоотӣ ва фарҳангиро  бо   иштироки 300 нафар ҷавонони касбу кори гуногун, намояндагони расонаҳои хабарӣ ва сарояндагони ҷавон доир намуд. Дар чорабинӣ нахуст Раиси Кумитаи   ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов ва намояндаи Агентии назорати молиявии мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди зуҳуроти коррупсионӣ ва оқибатҳои ногувори он суханронӣ намуда, аз ҷавонон   даъват ба амал оварданд, ки алайҳи ин падидаи   нанговар  пайваста мубориза бурда, барои мавҷудияти фазои мусоиди зиддикоррупсионӣ саъю талош варзанд. 

Декабрь 9, 2010 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад