РӯЗИ ЯГОНАИ АХБОР ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Декабрь 23, 2010 17:01

Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар  вилояти Суғд перомуни муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» рӯзи ягонаи ахбор гузаронида шуд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилоят ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки мутахассисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд ба шаҳрҳои Хуҷанд, Чкалов, Исфара, Қайроққум, Конибодом ва Бобоҷон Ғафуров баҳри фаҳмонида додани моҳияти лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» сафарбар шуданд. Мавриди ёдоварист, ки дар шаҳру навоҳии дигари вилоят  пас аз баргузории иҷлосияҳои маҷлиси мақомоти маҳаллӣ  доир ба муҳокимаи  лоиҳаи Қонуни фавқуззикр ҷамъомад  гузаронида шуд.

Декабрь 23, 2010 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад