ТАНҲО 65 ФОИЗИ ТЕХНИКА КОРШОЯМ АСТ
Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар»Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ, то 1-уми декабри соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ (фермерӣ) 13 ҳазору 810 трактори гуногунтамға ба қайд гирифта шудааст, ки танҳо 916 адад ё 65 фоизашон дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд. Айни замон аз 2780 тракторҳои шудгоркунанда — 1785, аз 4313 автомашинаҳои боркаш -1722, аз 611 комбайнҳои ғалладарав — 361, аз 7145 ядакҳои тракторӣ — 4820, аз 3502 испорҳои тракторӣ — 2599 ва аз 2916 тухмипошакҳои тракторӣ 1995 -тои он ба кор омода аст. Ба иттилои ҳамин манбаъ, дар моҳҳои январ — ноябри соли 2010 ба хоҷагиҳои ҷамъиятӣ, деҳқонӣ (фермерӣ) 23 ҳазору 56 тонна сӯзишвории дизелӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 3 ҳазору 933 тонна кам аст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






