ТАВАҶҶӮҲИ НАВИ «РУХОМ»
Душанбе, 23 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Беш аз даҳ нафар ҷавонон дар Душанбе давраи дуюми омӯзиши ҳунари сангтароширо хатм карданд. Синфҳои омӯзиши ҳунари сангтарошӣ соле қабл дар назди Маркази калонсолони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар доираи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷониби намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнӣ ташкил гардида буд. Сайидҷаводи Разавӣ роҳбари намояндагии кумитаи мазкур дар Тоҷикистон гуфт, ки то имрӯз беш аз 20 нафар ҷавонони тоҷик, ки аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистонанд, дар ду давр ҳунари сангтароширо аз худ карда, ба онҳо гувоҳнома супорида шуд. Мавсуф мегӯяд, ки ҳадаф аз ташкили синфҳои омӯзиши ҳунари сангтарошӣ бо ҳунар ва ҷои кор таъмин намудани ҷавонон ва рушди ҳунари қадимаи сангтарошӣ аст. Сарзамини Тоҷикистон худ макони бойи сангҳои гуногуни қиматбаҳост, эҳё ва густариши ҳунари сангтарошӣ дар Тоҷикистон афзалияти бештар дорад. Бархе аз ширкату корхонаҳои сангтарошии кишвар, бахусус «Рухом» ба ҳунари волои сангтарошии ҷавонон таваҷҷӯҳ намуда, онҳоро бо кор таъмин менамоянд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






