ТЕЛЕВИЗИОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД 20 СОЛА ШУД

Декабрь 23, 2010 13:43

Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 22 декабри соли равон дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд таҷлили  ҷашни 20 — солагии телевизиони  вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар он раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ намуд. Раиси вилоят зикр дошт, ки телевизиони вилояти Суғд ҳамқадами Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва дар ин фурсат тавонист симои ҳақиқии хешро дар мазҳари таваҷҷӯҳи бинандаи худ пайдо намояд ва рисолати аслии хешро ба иҷро расонад. «Имрӯз мо номи аввалин шахсони масъули телевизион Муҳаббат Мирсаидова, Абдуалӣ Халилов, Илҳоми Ҷамолиён ва даҳҳо нафари дигарро бо камоли эҳтиром ба забон мегирем, ки дар сари дастгоҳи пахши телевизиони вилоят истода, барои ташаккул ва инкишофи он саҳми арзанда гузоштаанд»-қайд намуд Қоҳир Расулзода. Ба кормандони фаъолу собиқадори Идораи телевизиону радиои вилоят ва Маркази техникии он Ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва нишони сарисинагии «Аълочии телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» супорида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.  

Декабрь 23, 2010 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад