ВАЗЪИ ШУДГОРИ ТИРАМОҲӢ ДАР СУҒД

Декабрь 9, 2010 09:50

  Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Кишоварзони вилояти Суғд соли ҷорӣ дар майдони 44 ҳазору 29 гектар кишти тирамоҳии зироати ғалладонагиро гузаронида, нақшаро дар ин самт  100,2 фоиз таъмин намуданд. Танҳо деҳқонони ноҳияи Зафаробод  нақшаи кишти тирамоҳиро то ба қадри 93 фоиз таъмин намуданд. Муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд  Рустам  Раҳимов иттилоъ дод, ки ҷараёни  аз ғӯзапоя тоза кардани майдонҳои пахтазор ба қадри  96 фоиз таъмин гардид. Ҳамарӯза  398 трактори шудгоркунанда  ба саҳро баромада, шудгори тирамоҳӣ дар вилоят  дар майдони 95 ҳазору 649 гектар гузаронида шуд, ки  ин  46,6 фоизи  майдони умумиро ташкил медиҳад. Дар ноҳияҳои Ашту Конибодом ва Исфара  дар майдони 118 га заминҳои шӯр шуда шуста шуд, ки ин нисбати соли гузашта  2,6 маротиба зиёд мебошад. То санаи 7 декабр майдони 24 ҳазору 39 гектар ба кишти пунбадонаи соли оянда омода гардид.  

Декабрь 9, 2010 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад