ЁДЕ АЗ ТАНБӮРНАВОЗИ МУМТОЗ
Шаҳринав, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳ. Рабиев). – Дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав бахшида ба 105 – солагии машшоқи мумтоз ва сарояндаи маъруфи тоҷик мулло Абдуҷаббори Танбӯрӣ маҳфили бошукӯҳи илмию фарҳангӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ муовини раиси ноҳияи Шаҳринав Мусаллама Қодирова ҳусни оғоз бахшид. Сипас, шахсиятҳои маъруф Ҳоҷӣ Ҳусайни Насриддин, Қаҳҳор Розиқов, Султонмуроди Одина, Абдуҳофиз Қодиров, Парвиз Пӯлодӣ ва дигарон аз хизматҳои шоистаи мулло Абдуҷаббори Танбӯрӣ ёдовар гардиданд. Аз ҷумла зикр намуданд, ки Абдуҷаббори Танбӯрӣ дар рӯзҳои даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар соли 1941 дар шаҳри Маскав ширкати фаъолона дошта, сазовори таҳсину офаринҳо гардидааст. Ҳамчунин хизматҳои ӯ дар рушди санъати тоҷик ва тарбияи санъаткорони ҷавон зикр гардид. Ширкати санъаткорони шинохта Фурқати Саид, Убайдуллои Каромат, Шамсиддини Муҳиддин ва Карими Назар ба маҳфил шукӯҳу шаҳомат бахшид.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






