ЗАДУХӮРД ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОН

Декабрь 9, 2010 09:59

Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дирӯз тахминан соати 13.00 ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ  байни кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шӯробод ва 5 нафар қочоқчӣ, ки сокинони вулусволии «Роғ»-и вилояти Бадахшони Давлати Исломии Афғонистон мебошанд, задухӯрд ба амал омад. Маълум гардид, ки дар мавзеъи «Таваргон»-и ҷамоати деҳоти Шӯробод дар масофаи 30 км қочоқчиён марзи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур намудаанд. Дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона нашъафурӯшони афғон ба тарафи сарҳади Афғонистон фирор намуданд. Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса аз 2 махфигоҳи онҳо дар 13-борхалтаи селофанӣ 174 кг. 370 грамм маводи нашъадори бангдонаи хушконидашуда дарёфт ва мусодира  гардид. Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиной боз шуда тафтиш идома дорад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод.

Декабрь 9, 2010 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад