«БАҚОИ УМР»-И ОЛИМИ ЗИНДАЁД

Январь 12, 2011 16:26

  Душанбе, 12 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Чопхонаи «Пайванд» китоби олими зиндаёди тоҷик Зоҳир Аҳрориро таҳти унвони «Бақои умр» нашр намуд.  «Бақои умр» аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо теъдоди 800 адад чоп шудааст.   Дар маҷмӯа мунтахаби ашъори дар солҳои гуногун эҷоднамудаи адиб ва адабиётшиноси варзида, шодравон Зоҳир Аҳрорӣ гирдоварӣ гардидаанд. Қудратбеки Элчибек матни шеърҳои маҷмӯаро таҳия ва тадвин намудааст. Дар маҷмӯа ғазалу шеърҳо, маснавиҳои хурд, рубоӣ ва дубайтиҳо, такбайтиҳо ва марсияю аксҳо гирд оварда шудаанд.  Дар сарсухани китоб сафири кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст роҷеъ ба нақши адиб ва шарқшиноси касбии тоҷик дар таҳқиқу пажӯҳиши мероси бузургони адабиёти форс- тоҷик ибрози назар кардааст.   Мавриди зикр аст, ки муҳаққиқи нуктасанҷи тоҷик беш аз 50 соли умри пурбаракати худро сарфи таҳқиқу пажӯҳиши осори шоирону классикони кишварҳои форсизабон намудааст. Мақолаҳои илмию оммавӣ ва сершумори адиб доир ба таърихи адабиёти форсу тоҷик, бахусус таърихи адабиёти асрҳои 18 ва 20-и кишварҳои Эрону Афғонистон шаҳодати барҷастаи гуфтаҳост.  Ёдрас мешавем, ки риштаи умри адиби тоҷик моҳи ноябри соли 2009 ҳамроҳи ҳамсараш Маҳиндӯхт Мамедова бар асари як садамаи нақлиётӣ канда шуд.

Январь 12, 2011 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад