ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ НАВИ ДОРУСОЗӢ
Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Тиб барои шумо» заводи нави дорусозӣ ифтитоҳ гардид, ки дар он зиёда аз 64 номгӯй маводи доруворӣ истеҳсол мешавад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуот ва маҳсулоти тиббии Вазорати тандурустии ҶТ Салим Абдулазизов хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ дар сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии заводи нави дорусозӣ 13 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст. Маҳсулот ва таҷҳизоти махсусгардонидашуда барои фаъолияти завод аз ҷумҳуриҳои Эрон, Чин ва Ҳиндустон оварда шудаанд. Ифтитоҳи заводи нав имконият дод, ки боз 150 нафар бо ҷойи кор таъмин гарданд. Дар завод 4 сех фаъолият мекунад: сехи инфузионӣ, сехи маҳлулҳо, сехи маводи доруворӣ дар заминаи маҳлулҳои спиртӣ ва сехи маводи доруворӣ дар асоси гиёҳу растаниҳои шифобахш. Ғайр аз ин дар завод маводе истеҳсол мешаванд, ки аз ҷониби олимони тоҷик ихтироъ шудаанд, чун «Тимосин» ва «Тимогар». «Айни замон бо дигар ширкатҳои дорусозӣ оид ба ташкил намудани заводҳои иловагӣ ва сехҳои истеҳсоли маводи доруворӣ гуфтушунид идома дорад», иброз намуд манбаъ.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






