ИФТИТОҲИ НБО ДАР ЗОДГОҲИ РӮДАКӢ

Январь 4, 2011 16:55

   Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар зодгоҳи Одамушшуаро Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ — деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент нерӯгоҳи хурди барқи обӣ бо иқтидори 630 кВт ба истифода дода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.    Дар расми кушодашавии ин нерӯгоҳ сардори шабакаҳои барқии вилояти Суғд Мӯъмин Тошматов, раиси шаҳри Панҷакент Хусрави Абдуназар ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.     Мавриди ёдоварист, ки сохтмони нерӯгоҳи мазкур моҳи марти соли гузашта аз тарафи соҳибкор Мардонқул Насриддинов шурӯъ гардида, он аҳолии деҳоти Панҷрӯд ва Кулолиро бо барқи худӣ таъмин менамояд. 

Январь 4, 2011 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад