«М — ТЕКО» МУФЛИС ШУД
Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз рӯи маълумоти фаврии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия дар моҳҳои январ – декабри соли 2010 даромад аз фаъолияти асосӣ ва ғайриасосии оператори миллии ҶСШК «Тоҷиктелеком» ва КВД «Почтаи тоҷик» 103 млн. сомонӣ ва даромади операторони шахсӣ 1 млрд. 657 млн. сомониро ташкил додаст,- иброз дошт директори Агентии омори назди Президенти ҶТ Бахтия Муҳаммадиева дар конфронси матбуотӣ ба хабарнигорон, ки ба ҷамъбасти сол бахшида шуд. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, шумораи дастгоҳҳои телефони асосӣ дар низоми ҶСШК «Тоҷиктелеком» то 1 –уми январи соли 2011 291 ҳазорро ташкил дод, ки 250 ҳазори онро дастгоҳҳои телефонии хонагӣ ташкил медиҳанд. Роҳбари Агентӣ ҳамчунин иброз намуд, ки то 1 –уми январи соли ҷорӣ шумораи истифодабарандагони алоқаи сайёр (мобилӣ) ба 5 млн. 940 ҳазор нафар расидааст. Боиси тазаккур аст, ки аз 11 ширкати ба қайдгирифташудаи бозори хизматрасонии алоқаи мобилӣ 8 ширкат амал мекунад. ҶСП «М – Теко» муфлис дониста шуда, иҷозатномаи ширкати ҶСК «Тоҷиктелеком» боздошта шудааст.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






