«ДОН АВИА» ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Ширкати ҳавопаймоии «Дон Авиа» — и Руссия тасмим гирифтааст парвозҳоро дар хатсайри Сочи-Душанбе-Сочи анҷом диҳад. Хатсайри мазкур барои мусофирони тоҷикистонӣ ва қисми қафқозии кишвари Русия мувофиқи мақсад буда, ба рафтуомади шаҳрвандоне, ки сафари минтақаи Қафқозро доранд, мусоидат менамояд. Ҳавопаймои аввалине, ки ба Душанбе омад, 38 мусофирро овард ва аз Душанбе бо 99 мусофир ба Сочи парвоз намуд. Бино ба иттилои намояндаи ширкат хоҳишмандони хатсайри мазкур ҳамеша зиёданд. Ширкати «Дон Авиа» ҳар ҳафта як маротиба рўзи сешанбе бо ҳавопаймои Боинг-737 парвозҳоро анҷом медиҳад. Иттилои мазкур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз котиби матбуоти Фурудгоњи шаҳри Душанбе Маҳмадюсуф Шодиев дастрас гардид.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






