А.Раҳмонов: «ТВ ва радио-инъикосгари рӯйдодҳои муҳим»

Июль 15, 2011 14:08

Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар инъикоси тамоми тағйироту дигаргуниҳое, дар ҳаёти ҷомеа ба вуқӯъ пайвастаанд, саҳми кормандони телевизион ва радиои Тоҷикистон калон аст.Тавре Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ Асадулло Раҳмонов ба хабарнигорони ВАО иброз дошт, дар ҳамаи шабакаҳо ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хориҷ ва дохили мамлакат, ҳамчунин дигар ҳодисаву рӯйдодҳои муҳими кишвар сари вақт ва оҷилӣ инъикос гардиданд.Дар ноҳияи Нуробод бунгоҳи хабарии Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» ба фаъолият оғоз кард, ки он бо таҷҳизоти ҳозиразамони танзим ва дигар техникаи зарурӣ таъмин мебошад,- афзуд А .Раҳмонов.Ба қавли А. Раҳмонов «дар давоми 6 моҳи соли равон дар кинотеатрҳои назди корхонаҳои фаръӣ-давлатии шаҳру навоҳии Конибодом, Исфара, Ашт ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, кинотеатри Лоҳутии шаҳри Қурғонтеппа ва кинотеатрҳои ноҳияҳои Панҷ, Қумсангир, Ёвон, Фархор, Ҳамадонии вилояти Хатлон, ноҳияҳои Файзободу Ваҳдат ҳамарӯза намоиши филмҳои ватанӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ доир карда шуданд».Ҳамчунин қайд гардид, ки дар ин муддат асарҳои тозаэҷоди ҳунармандони дастаҳои ҳунарии «Дарё», «Шашмақом», «Фалак», «Гулрез» ва «Ориё» тариқи радиову телевизион ва дар толорҳои консертӣ пешкаши ҳаводорони санъат гардиданд.Кумита барои беҳтарин шеър, оҳанг ва иҷрокунанда озмун эълон кардааст. Бовар дорем, ки дар он дастаҳои ҳунарӣ на танҳо фаъолона иштирок мекунанд, балки дар ташкил ва гузаронидани он низ саҳми босазо мегузоранд,- гуфт Асадулло Раҳмонов дар хотима.Мавриди зикр аст, ки озмуни мазкур дар арафаи ҷашни Истиқлолият ҷамъбаст мешавад.

Июль 15, 2011 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад