Дипломатҳо масоили ҳамкориро баррасӣ намуданд
Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 13 июли соли равон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Абдулмаҷид Достиев Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Федератсияи Русия Улуғбек Чиналиевро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт. Дар ҷараёни мулоқот ҷиҳатҳои мухталифи масоили муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла, вазъи ҳозира ва дурнамои ҳамкорӣ дар бахши фарҳанг ва рушди равобити дӯстонаи анъанавии миёни ҳар ду халқ, хусусан, миёни ҳамватанони дар Русиябудаи мо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия иттилоъ доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






