Гузаргоҳҳои зеризаминии замонавии Душанбе
Душанбе, 15 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-То ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои оҳану бетонхобонӣ дар сохтмони ду гузаргоҳи нави зеризаминӣ ба анҷом расида, ҳаракати нақлиёт аз болои онҳо ба роҳ монда мешавад. Гузаргоҳҳо дар назди меҳмонсарои «Пойтахт» ва мағозаи «Олами китоб»-и кӯчаи Айнӣ сохта мешаванд. Назар ба иттилои Субҳон Муртазоев- сардори шӯъбаи Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе, корҳои сохтмонӣ аз нимаи дуюми моҳи июн оғоз гардида, гузаргоҳҳо аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Сохтмони махсус» ва ширкати чиноӣ оид ба сохтмони пулу роҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мешаванд. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот бо суръат идома дошта, дар он ҳудуди 200 нафар коргарони ватанию чиноӣ кор мекунанд. Сохтмончиён дар ин иншоот аз техникаи пуриқтидори замонавӣ истифода менамоянд. Дар бунёди гузаргоҳҳо масолеҳи сохтмонии ватанӣ ва истеҳсоли Русия истифода мегардад. Субҳон Муртазоев афзуд, ки лоиҳаи сохтмони гузаргоҳҳои зеризаминӣ аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи «Шаҳрофар» таҳия гардида, маблағи умумии сохтмонашон беш аз 11 миллион сомониро ташкил медиҳад. Корҳои ороишии дохили гузаргоҳҳои зеризаминӣ, ки ба таври замонавӣ ба анҷом расонида мешаванд, беш аз се моҳ идома ёфта, гузаргоҳҳои зеризаминӣ 15 декабри соли равон пурра ба истифода дода мешаванд.Бояд зикр кард, ки ҳоло дар пойтахт 7 гузаргоҳи зеризаминӣ-Қарияи Боло, собиқ бозори «Баракат», Универмаги марказӣ, саристгоҳ (Автовокзал), сирк, назди Маркази савдои «Садбарг» ва ДОК (комбинати коркарди чӯбу тахта) фаъолият мекунанд, ки 6- тои онҳо, ба истиснои ДОК, дар замони Шӯравӣ сохта шудаанд. Сохтмони гузаргоҳҳои зеризаминӣ ба таъмини бехатарии ҳаркати нақлиёт ва пиёдагардон дар пойтахт мусоидат менамояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






