Киҳо кӯмаки унвонии иҷтимоӣ мегиранд?

Июль 15, 2011 14:04

Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Тибқи иттилои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ пардохти ҷубронпулӣ ва кӯмакпулиҳо ба оилаҳои камбизоат ягона карда шуда, пардохти кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ барои як оила дар як сол ба андозаи 400 сомонӣ таъин ва ҳар се моҳ пардохта мешавад.Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар соли 2011 тибқи нақшаи хароҷотии буҷети ҷумҳуриявӣ ҷиҳати пардохти кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ёвон 4 млн. 149,8 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ кардааст.Лозим ба зикр аст, ки то якуми июли соли ҷорӣ барои бархурдор шудан аз кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ 16 ҳазору 931 нафар шаҳрванд муроҷиат намудаанд, ки ба 6 ҳазору 621 нафари онҳо кӯмаки унвонии иҷтимоӣ таъин ва 1 млн. 252,1 ҳазор сомонӣ пардохт гардидааст.Ҳамчунин, ба 164 ҳазору 131 нафар хонанда 3 миллиону 282,6 ҳазор сомонӣ ва ба 180 ҳазор оилаи камбизоат ба маблағи 7 миллиону 898, 6 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ пардохта шудааст. Аз ҷумла, барои истифодаи қувваи барқ 7 миллиону 543 ҳазор сомонӣ ва истифодаи гази табиӣ-228,6 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт шудааст.

Июль 15, 2011 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад