Мулоқоти роҳбарони хадамоти муҳоҷирати ҶТ ва ФР
Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – 13 июл дар Маскав роҳбари Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С.А.Девонаев бо директори Хадамоти муҳоҷирати Федератсияи Русия К.О. Ромодановский мулоқот анҷом дод.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» корманди намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР Бахтиёр Сатторӣ иттилоъ дод. Мувофиқи суханони манбаъ, дар ҷараёни сӯҳбати муфассал, ки дар вазъияти судбахшу амалӣ сурат гирифт, масъалаҳои рушду таҳкими ҳамкории байни хадамоти муҳоҷирати ҳар ду кишвар баррасӣ гардида, аз рӯи шаклу усулҳои ҳамкории хадамоти ҳар ду кишвар, роҳҳои ҳалли проблемаҳои мавҷудаи соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ пешниҳодҳои мушаххас ироа шуданд.«Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкории ҳар ду хадамот изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳамияти истифодаи захираю имконоти мавҷударо ба манзури беҳдошти вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ таъкид сохтанд», — хабар дод Б.Сатторӣ.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






