Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Антон Караҷа
Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар»).-Баъди маросими супурдани санад ва нишони унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо – Пешвои асри XXI Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ Антон Караҷаро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ташкил ва густариши робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилал? баррасӣ шуд. ҳарду ҷониб ба густариши робитаҳои илмию фарҳангӣ ва ҳам иқтисодию сармоягузорӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.Антон Караҷа бо ёдоварӣ аз таъриху фарҳанги бисёрҳазорсолаи миллати тоҷик ва нақши он дар тамаддуни башарӣ изҳор дошт, ки миёни сохторҳо ва шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳанги Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо бояд робитаҳои мунтазами судбахш ба роҳ монда шаванд. Ҳайати бонуфузи Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилал? ба иштирок дар чорабиниҳои илмию фарҳангии бахшида ба Тоҷикистон, ки дар дохил ва хориҷи кишвар баргузор мегарданд, аз ҷумла дар ҷашни байналмилалии Наврўз – 2012 дар шаҳри Душанбе изҳори ҳавасмандӣ карданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






