Афзоиши корхонаҳои ғайридавлативу муштарак
Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Саноат аз рукнҳои асосии иқтисодиёт буда, сатҳи рушди он далели иқтидору имкониятҳои ҳар як давлат аст. Дар кишвари мо имрўз барои таъмини рушди соҳа заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд ва мо тавассути қабули барномаҳо, аз ҷумла дар самти коркарди ниҳоии алюминий, маъдан, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, саноати сабук ва хўрокворӣ ба пешрафти ҳамаҷонибаи соҳа аҳамияти махсус медиҳем. Ҳоло истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои соли 1997 беш аз 2,5 баробар афзоиш ёфта, бахшҳои саноати сабук, металлургия, хўрокворӣ, истеҳсоли таҷҳизот, саноати химия ва масолеҳи сохтмон ба таври назаррас пеш рафтаанд. Агар соли 1991 миқдори корхонаҳои хусусиву ғайридавлатӣ ҳамагӣ 2400 адад бошад, пас дар натиҷаи амалишавии сиёсати дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ шумораи корхонаҳои хусусиву муштарак дар соли 2011 ба 18 680 адад расидааст, яъне қариб 8 баробар зиёд гардидааст. Танҳо дар даҳ соли охир шумораи корхонаҳои ғайридавлативу муштарак аз 10 ҳазору 600 то ба 18 ҳазору 680 адад зиёд гардидааст.Дар соҳаи саноат дар давоми даҳ соли охир беш аз 90 ҳазор ҷои корӣ таъсис гардида, имрўз зиёда аз 40 фоизи маҳсулот дар бахши хусусӣ истеҳсол мешавад. Минбаъд низ зарур аст, ки барои боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ ворид кардани таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ, ташкили корхонаҳои истеҳсолии нав ва таҷдиди корхонаҳои мавҷуда густариш дода, иқтидори содиротии мамлакат таҳким бахшида шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






