Таъсиси котибот дар парлумони Тоҷикистон
Душанбе, 29 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бо мақсади тақвияти иқтидори Парлумон дар бахши молияи давлатӣ, дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон котибот созмон дода шуд. Он тибқи ёддоштҳои ҳусни тафоҳум ва ҳамкорӣ бо дастгирии Бонки умумиҷаҳонӣ, дар доираи Барномаи тақвиятдиҳии идоракунии давлатӣ дар Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Муҳаммадато Султонов котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон иттилоъ дод, ки котибот бояд тавассути пурзӯр намудани мақом ва иштироки парлумон дар ҷараёни буҷет ва дар тамоми давраи буҷетӣ аз ҳисоби беҳгардонии таҳлили маълумоти буҷетӣ ва самаранок гузаронидани муҳокимаҳои буҷетӣ, баланд бардоштани самаранокии ҳисоботи молиявии Ҳукумат дар назди Парлумон ва ҷамъияти шаҳрвандӣ комёб шавад. Инчунин, татбиқи бомуваффақияти лоиҳа имкон дорад иқтидори Кумитаи иқтисод ва молияро тавассути таъсиси котиботи бо кормандони варзида дар таҳлил ва таҳқиқ, гузаронидани таҳқиқҳои мустақил ва ҷамъи маводҳои таҳлилӣ барои омодасозии тағйироту тавсияҳо оид ба ҷараёни буҷет пурзӯр намояд. Ҳамзамон, дар доираи лоиҳа чораҳои мадад кардан ба ҷараёни коркарди методологияи омодасозии буҷети шаҳрвандӣ муайян шудааст, ки метавонад Тоҷикистонро ба ташаббуси «Шаффофияти буҷет» ҳамроҳ намояд ва иқтидори мониторинги шаффофияти буҷетро баланд намуда, системаи робитаҳои берунаи Парлумонро дар масъалаи буҷет беҳтар гардонад, тренингҳо ва омӯзиши кормандон, ки барои банизомдарории омодасозии маводҳои лозима оиди буҷет барои расонаҳо ва аҳли ҷомеа ташкил созад.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






