Ғалабаи пахтакорони шаҳринавӣ

Октябрь 12, 2011 15:41

Шаҳринав, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Пахтакорони  ноҳияи Шаҳринав 3 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварда, иҷрои нақшаро бомуваффақият таъмин намуданд. Онҳо ин миқдор пахтаро аз майдони 1 ҳазору 476 гектар ғундоштанд, ки ҳосилнокии ҳар гектар 21 сентнериро ташкил медиҳад.Қиммат шудани нархи нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ деҳқононро рӯҳбаланд карда, онҳо тавассути ташкили дурусти кор  ба ин муваффақият ноил гаштанд. Деҳқонон имсол масоҳати кишти пахтаро 300 гектар зиёд намуданд.Дар ин ғалабаи меҳнатӣ саҳми деҳқонони хоҷагиҳои ба номи  И.Меликмуродов, «Наврӯз», «Аҷам», «Ҷамшед» ва дигар хоҷагиҳо хеле калон аст. Деҳқонон дар саҳро ҳанӯз ҳам фаровон будани ҳосили пахтаро ба инобат гирифта, азм доранд, ки боз зиёда аз 1 ҳазору 200 тонна пахта ҷамъ оварда, ҳосилнокии ҳар гектарро ба 25-30 сентнерӣ расонанд.

Октябрь 12, 2011 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад