Ҳунармандони тоҷик дар «Золотой Запас»

Октябрь 12, 2011 16:56

Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). — Наворбардории филми нави ҳунарии пурраҳаҷми «Золотой Запас» дар шаҳри Боғчасарои Қрим оғоз гардид. Дар филми мазкур ситораҳои театр ва синамои тоҷик: Исфандиёр Ғуломов, Соро Сабзалиева, Савриниссо Сабзалиева, Фирӯз Сабзалиев, ситораи синамои Русия Сергей Мамаев ва Темур Баротов нақшҳои асосиро мебозанд. Саррассоми филм ҳамдиёри дигари мо Мавлодод Мавлонназаров мебошад. Саркоргардони филм Дмитрий Матов ҳаёти мардуми ҳаммарзи Тоҷикистон ва Афғонистонро дар бар гирифта, аз ҳаёти марзбонони тоҷик, дӯстӣ ва муборизаи якҷояи онҳо ба муқобили гурӯҳҳои сарҳадвайронкунанда нақл менамояд. Албатта, дар филм тамошобин аз мавзӯи маводи мухаддир канор намемонад. Филм бисёрсериягӣ буда, тамошобинон метавонанд онро охирҳои моҳи декабр дар шабакаи НТВ-и Русия тамошо намоянд.

Октябрь 12, 2011 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад