Ҷамъоварии ҳосил дар ҷумҳурӣ
Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии шаҳру навоҳии вилоятҳои ҷумҳурӣ то 1 – уми октябри соли 2011 аз майдони 245 ҳазору 899 496 ҳазору 820 тонна гектар ғалла ҷамъоварӣ гардид.Ба иттилои манбаъ, ҳосилнокии ҳар як гектар замини ғалла ба 20,5 сентнериро ташкил дод. Соли ҷорӣ аз 10 ҳазору 305 га 203 ҳазору 770 тонна картошка, аз 17 ҳазору 956 га 327 ҳазору 833 тонна сабзавот ва аз 12 ҳазору 566 га 224 ҳазору 333 тонна ҳосили зироати полезӣ ҷамъоварӣ шудааст. Имсол ҳосили меваю ангур низ нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 мутаносибан 30 – 84 фоиз зиёд шудааст. Ҷамъоварии ҳосили ғалла ва меваю сабзавот дар хоҷагиҳои деҳкқонӣ (фермерӣ) –и ҷумҳурӣ идома дорад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






