Ба захирагоҳ ҷаву гандум фиристода мешавад

Октябрь 25, 2011 10:03

Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ  доданд, ки дар натиҷаи баргузории як  экспедитсияи муштараки байналмилалӣ, ки олимони Тоҷикистон, Нидерландия ва Русия  дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор намуданд, 53 намунаи тухмии исфанҷор ва харбузаи дерпазро ҷамъоварӣ ва ба фонди марказ ворид намуданд.Тадқиқоти экологии олимон дар минтақаи Файзобод дар баландии 1200 метр аз сатҳи баҳр доир ба коллексияи навъҳои ҷави селексияи Маркази илмии байналмилалӣ — ИКАРДА ва маҳаллӣ идома дорад. Олимони тоҷик тухмии   ғалла, аз қабили  1000 навъ гандум ва 624 навъу намунаҳои ҷавро барои садсолаҳо нигоҳ доштан ба захирагоҳи умумиҷаҳонии Свалборд (СИДА НордГен)-и  Шветсия  интиқол доданд.

Октябрь 25, 2011 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад