«Дидор» дар Бадахшон
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). — 11 октябр дар театри вилоятии шаҳри Хоруғ кинофестивали ҷаҳонии «Дидор» кушода шуд, ки то рӯзи 13 октябр идома меёбад. Мудири шӯъбаи иттилоотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Шамсиддин Орумбеков хайра мақдам гуфта, ба ҷараёни фестивал барори кор хост. Фестивал бо намоиши филми коргардони қирғиз Марат Алиқулов оғоз ёфт. Дар фестивал филми «Қиёми рӯз» — и коргардони тоҷик Носир Саидов, «Соҳили дигар» — и коргардони гурҷӣ Георгий Овашвили, «Себ аз биҳишт» ва «Роҳи бебозгашт» и коргардони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳумоюн Мурувват ва филмҳои коргардонҳои кишварҳои дигар низ намоиш дода мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






