Донишҷӯён ба санъату ҳунар дилбастагии зиёд доранд

Октябрь 12, 2011 13:44

Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). -Дар баробари таъмини дигар шароити мавҷуда барои омӯзиш ва аз бар намудани касбу ҳунар роҳбарияти Муассисаи давлатии литсей — интернати касбии махсуси маъюбон дар байни хонандагон корҳои оммавӣ ва фарҳангиро пайваста ба роҳ мемонад.Чанде қабл дар доираи барномаи таҳиянамудаи маъмурияти таълимгоҳ вохӯрии муҳассилини мактаб — интернати мазкур бо оҳангсозони шинохта роҳандозӣ карда шуд.Дар ҷараёни мулоқот шогирдони таълимгоҳ роҷеъ ба паҳлӯҳои мухталифи ҳаёту фаъолияти эҷодӣ ва шохаҳои гуногуни фарҳангу ҳунар андешаи назар карда, перомуни нозукиҳои илми санъатшиносӣ маълумоти муфассал пайдо намуданд.Тавре аён гардид, қисми зиёди донишҷӯён нисбат ба санъату ҳунар дилбастагии  зиёд дошта, барои расидан ба ҳадафҳои худ пайваста ба омӯзишу  эҷод машғуланд.

Октябрь 12, 2011 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад