Лигаи олӣ: пешсаф иваз шуд.
Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Федератсияи футболи мамлакат бо сабаби баргузории вохӯрии финалӣ барои ҷоми ҷумҳурӣ, ки рӯзи 26 октябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қурғонтеппа барпо мешавад, ба ҷадвали баргузории чемпионат байни дастаҳои лигаи олӣ тағйирот ворид кард. Ҳамин тавр вохӯрии даври 35 –уми «Вахш» — «Худжанд» — аз 26 ба 25 октябр, «Равшан» — «Худжанд» аз 29 ба 28 октябр, бозии даври 18-уми мавқуфгузошташудаи «Истиқлол» — «Хуҷанд» ба 31 октябр ва бозии даври 37-и «Истиқлол» — «Хайр» аз 2 ба 3 ноябр гузаронида шуд. Дар ин радиф рӯзи 23-октябр дастаи «Равшан» Кӯлоб бозии даври 43-уми пешакӣ худро барпо карда, «Гвардия»-ро бо натиҷаи 6 бар 1 шикаст дод ва бо 68-имтиёз аз 30 бозӣ дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифт. «Регар ТадАЗ» аз «Равшан» як бозӣ кам гузаронида бо 67 имтиёз дар зинаи 2-юм аст. Дар вохӯрии даври 38-ум «Хайр» дар меҳмонӣ «Шодмон»-ро бо ҳисоби 5 бар 0 мағлуб кард.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






