Муҳоҷирон хостори коҳиши нархи чиптаи ҳавопаймоанд
Душанбе, 24 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Зимни иштирок дар ҷаласаи комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС), вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Саттор Холов ва Исмоил Талбаков дар шаҳри Санкт-Петербург бо муҳоҷирони кории тоҷик мулоқот намуданд.Дар ҷараёни мулоқот вакилони парлумон ба шароити кори муҳоҷирон ва мушкилоте, ки муҳоҷирони тоҷик бо он рӯ ба рӯ мегарданд таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.Муҳоҷирони кории тоҷик аз вакилони Маҷлиси намояндагон дархост намуданд, ки ба масъалаи паст намудани нархи чиптаи ҳавопаймои хатсайри Душанбе- Санкт-Петербург мусоидат намоянд. Аз палатаи поёнии парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳизби коммунистӣ Исмоил Талбаков ҳангоми мулоқот бо роҳбари коммунистони Санкт-Путербург Святослав Сокол аз ӯ ҷиҳати мусоидат намудан дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирини кории тоҷик дархост намудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






