Олими тоҷик – ҷоизадори мукофоти «Иттиҳоди муколама – 2011»
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Дар маҷлиси умумии Форуми У1 зиёиёни эҷодкору илмии давлатҳо, ки 21 октябр дар шаҳри Киев баргузор гардид, ба корманди илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографии Академии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобомулло Бобомуллоев мукофоти боэътибори байналмилалии «Иттиҳоди муколама – 2011» дар бахши «Таҳқиқ ва кашфиёт» супурда шуд. Имсол мутахассисони соҳаи ҳифзу тарғиби мероси моддию ғайримоддии фарҳангии кишварҳои аъзои ИДМ ҷоизони ин озмуни байналмилалӣ гардиданд. Форум дар Донишгоҳи миллии ба номи Тарас Шевченко баргузор шуд. Дар маросими ифтитоҳи форум ва чорабиниҳои дигаре, ки дар доираи он баргузор шуданд, ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов иборат аз президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон М.Илолов, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва туризм М.Неъматов, мушовири калони Президенти Тоҷикистон М.Сайфиддинов, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Ф.Азизӣ, директори АМИТ «Ховар» С.Шамсиддинов, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Н. Шоев, раиси Иттифоқи ходимони театрӣ М.Мирзоев ва дигарон иштирок намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






