Роҳи оҳан 90 фоизи боркашониро иҷро кард
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти маркази матбуот ва иттилооти «Роҳи оҳани Тоҷикистон», дар моҳҳои январ – сентябри соли 2011 тавассути нақлиёти роҳи оҳан (бо назардошти молборкунӣ, молфурорӣ ва интиқоли борҳои транзитӣ) 6 млн. 965,8 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки баробари 90,9 фоизи ҳаҷми боркашонии ҳамин давраи соли гузашта аст. Ҷараёни интиқоли бор дар минтақаҳои ҷумҳурӣ нишон дод, ки қисми зиёди бор тавассути роҳи оҳани вилояти Суғд кашонида шудааст.Ба иттилои манбаъ, дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ ба воситаи роҳи оҳани вилояти Суғд 4 млн. 416,9 ҳазор тонна, роҳи оҳани вилояти Хатлон – 548,1 ва роҳи оҳаниДушанбе ва ноҳияҳои тобеи чумҳурӣ 2 млн. 800 тонна бор кашонида шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






