Семинар дар мавзӯи журналистикаи бахши радио
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 13 – 14 октябр дар дафтари Намояндагии Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷангу сулҳ дар Тоҷикистон семинар дар мавзӯи «Меъёрҳои байналмилалии журналистика ва таҳияи маводи таҳлилӣ» баргузор мегардад.Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Намояндагии пажӯҳишгоҳ иттилоъ доданд. Вазифаи асосии семинар иборат аз такмили ихтисоси журналистони навқалам ва таҷрибаомӯзи журналистикаи бахши радио, мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи инъикоси проблемаҳои гендерӣ ва ҷавонон, ҷилавгирии вазъияти ихтилофотовар дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.Дар семинар журналистони ҷавони вилоятҳои Суғду Хатлон, гурӯҳи ноҳияҳои Рашт, ҳамчунин донишҷӯёни курсҳои болоии шӯъбаи журналистикаи Донишгоҳи славянии Русияю Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок менамоянд.Қобили зикр аст, ки семинар дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаи сесолаи «Ҷилавгирии ихтилофот дар Осиёи Марказӣ: ҳамкории самарабахш ва афзун намудани имконият тавассути васоити ахбори омма» роҳандозӣ мешавад. Ин тадбирро Вазорати корҳои хориҷии Норвегия маблағгузорӣ менамояд. Ғолиби семинар мукофот мегирад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






