Сокинони шаҳри Истиқлол бо оби ошомиданӣ таъмин мешаванд
Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо мақсади бартараф намудани норасоии об бо супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо Бонки Аврупории Рушд барои гузаронидани хати оби ошомиданӣ дар маркази шаҳри Истиқлол ба маблағи 10 млн. доллар шартнома ба имзо расонид. Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» барои таъмиру азнавсозӣ ва пурра иваз намудани таҷҳизоти соҳаи коммуналӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ супориш гирифт, ки давоми ду соли оянда аҳолии шаҳр пурра бо оби ошомиданӣ таъмин карда шавад. Айни замон аҳолии шаҳр дар як шабонарӯз ҳамагӣ 2 – 3 соат бо оби ошомиданӣ таъмин мегардад, ки ин боиси нигаронии Сарвари давлат ҳангоми сафари корӣ ба ин минтақа гардид. Бо супориши Президенти кишвар аз соли 2012 сар карда кори хобонидани қубурҳо оғоз ва то охири соли 2013 анҷом дода шуда, аҳолии шаҳр бо оби софи нӯшокӣ таъмин хоҳанд шуд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






