Созишномаи Гаага тасдиқ гардид

Октябрь 12, 2011 16:54

Душанбе, 12 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 12 октябри соли 2011 палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Санади Женевагии Созишномаи Гаага дар бораи бақайдгирии байналмилалии намунаҳои саноатиро баррасӣ ва тасдиқ намуд. Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ зимни ташреҳи санади мазкур гуфт, ки сарфа намудани хароҷоти маъмурӣ, дастгирӣ намудани тиҷорат ва имтиёзҳои иқтисодию молиявӣ аз афзалиятҳоест, ки кишварҳои ба ин Созишнома ҳамроҳшуда ба даст меоранд. Шаҳрвандони давлатҳои иштирокчии санади Гаага метавонанд муҳофизати намунаҳои худро дар як қатор давлатҳо бо иҷрои расмиёт ва хароҷоти камтарин ба даст оранд. Хусусан, ба онҳо лозим нест, ки дархостҳои миллиро дар ҳар давлате, ки дар он ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ талаб карда мешавад, пешниҳод намоянд. Инчунин, тартиб додани ҳуҷҷатҳо бо забонҳои гуногун, назорати мӯҳлатҳои азнавбақайдгирӣ зарурат надорад. Пардохти боҷҳои миллӣ ва музди намояндагон низ дар ҳар давлат талаб карда намешавад. Истеҳсолкунандагон ва тоҷирони ҳар кадом давлатҳои аъзои Созишномаи Гаага аз тарафи худ метавонанд, ки ба Созишнома ҳамроҳ шуда, намунаҳои худро дар дигар кишварҳо самаранок ҳимоя ва ҳифз намоянд ва содироти молҳояшонро ба ин давлатҳо бештар гардонанд. Ҳамроҳшавӣ ба Созишномаи мазкур ҳеҷ гуна ӯҳдадориҳои молиявиро аз ҷониби давлатҳои аъзо талаб намекунад. Тасдиқи санади мазкур аз сӯи парлумони кишвар ба ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мусоидат менамояд.

Октябрь 12, 2011 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд