Таваҷҷӯҳи соҳибкорони аврупоӣ ба гиёҳҳои Тоҷикистон
Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Масоили гиёҳпарварӣ ва коркарди гиёҳҳои хушбӯй дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 октябр дар мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо соҳибкори фаронсавӣ Франсис Петре, ки дар соҳаи коркарди гиёҳҳои хушбӯй фаъолият дорад, муҳокима гардид. Д. Саидов дар ҷараёни мулоқот зикр намуд, ки дар Тоҷикистон дар соҳаи гиёҳпарварӣ имкониятҳои зиёд мавҷуд буда, ҷиҳати густариши минбаъдаи соҳа ҷалби сармоягузории мустақим зарур аст. Қонунгузории ҷории Тоҷикистон дар самти сармоягузорӣ ва пешбурди тиҷорат дар мамлакат барои сармоягузорон фазои мусоидро фароҳам овардааст. Франсис Петре иқтидору имкониятҳои хуби соҳаи гиёҳпарварии Тоҷикистонро таҳлил намуда, ҷиҳати пешбурди соҳа ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни соҳибкорони мамлакат ва давлатҳои Аврупову ИМА-ро, ки талабот ва бозори хуби гиёҳпарвариро доро мебошанд, пешниҳод намуд. Аз соҳибкори фаронсавӣ ба рушди истеҳсоли равғани анҷибар (геран) таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуд.Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ин замина ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои тарафайн барои ҷалби сармояи давлатҳои Аврупо ва ИМА ба соҳаи мазкур омодагии комили муштаракро иброз доштанд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






