Туризм бояд фоидаи иқтисодӣ орад

Октябрь 3, 2011 16:10

Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Людмила  Дубинина). – Чанде  пеш  дар   шаҳри  Душанбе  ба  ифтихори рӯзи  туризм  ва бахшида ба  20 – солагии  Истиқлолияти  Тоҷикистон  Конфронси   дуюми  миллӣ  оид ба  туризм  баргузор  гардида,  дар  кори  он  беш  аз  120 нафар  намояндагони  олимақоми  бахши  давлатию  инфиродӣ ва  созмонҳои байналмилалӣ иштирок  намуданд.Дар конфронс   мавзӯи  «Хулосаи  стратегияи  миёнамӯҳлати  рушди  туризм ва Барномаи  миллии  тақвияти  туризм  дар Тоҷикистон  барои  солҳои  2010 – 2014» мавриди баррасӣ  қарор  гирифт. Таҳлили  вазъи  ҳозираи  ин  соҳа  нишон  дод, ки  дар  натиҷаи  рӯи  кор  овардани  ислоҳот  бахши  туризм  дар  кишвар  рушд  ёфтааст. Дар  қатъномаи  конфронс   зикр  шуд, ки Тоҷикистон, ки   дорои  мероси ғании  фарҳангӣ  ва  захираҳои  табииӣ  мебошад,  туризмро  ҳамчун  самти  афзалиятноки  рушди  иқтисодиёти  миллӣ  муайян  намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон  кӯшиш  дорад, ки  то соли  2014 – ум  55  ҳазор  нафар  сайёҳонро қабул  намуда, ин  бахшро  ба  яке  аз  соҳаҳои  фоиданоктарини иқтисодиёти  миллӣ табдил  диҳад.

Октябрь 3, 2011 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад