Вазъи шудгори тирамоҳӣ
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ тибқи нақша дар масоҳати 187 ҳазору 353 гектар шудгори тирамоҳии ғалла, картошка ва сабзавоти барвақтӣ дар назар аст. То 22 октябр ҳамагӣ дар масоҳати 42 ҳазору 110 гектар ё ба андозаи 22,5 фоизи нақша шудгори тирамоҳии замини ғалла ва сабзавоти барвақтӣ анҷом дода шудааст. Кишти тирамоҳӣ ҷамъан дар майдони 29 ҳазору 316 гектар анҷом ёфтааст, ки баробари 15 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад. Дар назар аст, ки тирамоҳи соли ҷорӣ дар масоҳати 178 ҳазору 260 гектар ғалла кишт мешавад.Тибқи маълумоти расмӣ дар айни ҳол дар масоҳати 23 ҳазору 700 гектар гандум ва дар майдони 361 гектар ҷав кишт шудааст. Шудгор ва кишти тирамоҳӣ дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ давом дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






