Заминларза дар Туркиё

Октябрь 24, 2011 15:24

Истанбул, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Катерина Аксакова). – 23 октябри соли ҷорӣ дар ҷанубу шарқии Туркиё, дар вилояти Вон заминларза ба амал омад, ки шиддати он аз рӯи ҷадвали Рихтер 7,2 баллро ташкил дод. Тавре ки вазири корҳои дохилии ин  кишвар Идрис Наим Шоҳин иттилоъ дод, тибқи маълумоти охирин бар асари заминларза 217 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 1000 нафари дигар ҷароҳати гуногун бардоштаанд.Тибқи иттилои ВАО-и Туркиё дар натиҷаи ин офати табиӣ наздики 50 бино, аз ҷумла хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва хобгоҳҳои донишгоҳҳо валангор шуда, ба фурудгоҳ зарари зиёд расидааст. Дар вилояти Вон интиқоли нерӯи барқ қатъ гардидааст.  Охирин заминларзаи шадид дар кишвари Туркиё моҳи майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Симови музофоти Кютахя дар 330 километрии  ҷанубу ғарбии Анқара ба қайд гирифта шуда буд. Қувваи заминларза 5,9 баллро ташкил дода, бар асари он чор нафар ҳалок ва зиёда аз 100 нафар маҷрӯҳ гардида буданд.

Октябрь 24, 2011 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад