Аввалин урдугоҳи ҷавонон дар Тоҷикистон
Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 30 нафар роҳбари ҷавони дорои синни 14-20- сола якҷоя бо 10 нафар корманди милиса ва роҳбарони ҷамъиятҳои шаҳрвандии лоиҳаҳои пилотӣ, ки дар Ғарм, Дӯстӣ ва Қайроққум амалӣ мешаванд, дар мубоҳисаи аввалин урдугоҳи ҷавонон дар Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон барои ҷомеаи бехатар» иштирок карданд. Урдугоҳи мазкур дар доираи лоиҳаи «Таъмини ҳифзи ҳуқуқ дар робита бо аҳли ҷамъият»-и сафорати ИМА ташкил шудааст.Тавре ки аз сафорати ИМА ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мақсади чорабинӣ аз мустаҳкам намудани робитаҳои ҷавонон бо кормандони милиса, баланд бардоштани савияи дониш ва малака дар бахши таъмини тартиб бо ҳамдастии аҳли ҷомеа, инчунин ошкорнамоии мушкилоти ҷавонон ва роҳҳои ҳалли он иборат мебошад.Дар чаҳорчӯби барномаҳо масоили сарварӣ, маҳдудкунии ҳуқуқ, идораи босамари низоъ, ҳамчунин чорабиниҳои фароғатӣ дар бобати ташкили дастаҳо муҳокима шуданд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






