Баррасии Барномаи миллӣ оид ба бемории сил

Ноябрь 24, 2011 10:20

Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ). – Имрӯз, 24 ноябр, дар шаҳри Душанбе машварати ҷумҳуриявӣ ҷиҳати муҳокимаи Барномаи миллӣ оид ба бемории сил баргузор мегардад.Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.Дар кори машварат намояндагони ҳамаи ниҳодҳои сохтории Вазорати тандурустии ҶТ, роҳбарони марказҳои ноҳиявӣ ва вилоятию шаҳрӣ оид ба муборизаи зидди бемории сил ва хадамоти Маркази санитарию эпидемиологӣ, ҳамчунин намояндагони вилоятҳои Хатлону Суғд ва ВМКБ иштирок менамоянд.Машварат таҳти раёсати вазири тандурустии ҶТ Нусратулло Салимов баргузор мешавад. Мувофиқи суханони манбаъ, дар ҷараёни машварат маърӯзаҳо марбут ба масоили ҷилавгирӣ, табобат ва мубориза бо бемории сил дар Тоҷикистон шунида мешавад. Ҳамчунин дурнамои назорати татбиқи Барномаи миллии ҶТ оид ба ҳифзи аҳолӣ аз бемории сил мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Ноябрь 24, 2011 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад